Русияву Тоҷикистон масъалаи маводи сӯзишвориро дар Маскав баррасӣ мекунанд

Русия ба ҳукумати Тоҷикистон то ахири моҳи декабр баррасии масъалаи тавозуни индикатории маҳсулоти нафтиро пешниҳод кардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин пешниҳод зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ИДМ ва Иттиҳои иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) садо додааст. «Ин пешниҳод дар […]

Заррина Эргашева


Русия ба ҳукумати Тоҷикистон то ахири моҳи декабр баррасии масъалаи тавозуни индикатории маҳсулоти нафтиро пешниҳод кардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин пешниҳод зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ИДМ ва Иттиҳои иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) садо додааст.

«Ин пешниҳод дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дорад ва шояд рӯзҳои наздик як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон озими Маскав гардад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ки масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад, вале ҳанӯз маълум нест, ки ҳайати ҳукумат кай ба Маскав мераваду онро кӣ сарварӣ мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи байниҳукуматиро таҳия сохтааст, ки дар он тавозуни индикативӣ ба маҳсулоти нафтӣ нишон дода шудааст ва маҳз ҳамин лоиҳа баррасӣ хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки вохӯрии мазкур маънои онро надорад, ки масъалаи боҷи содиротии гумрукӣ баррасӣ шавад, вале ин масоил ба ҳам марбутанд ва шояд ба он ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир гардад.

«Дар лоиҳаи байниҳукуматӣ банде мавҷуд аст, ки дар он гуфта мешавад, ҳаҷми маводи сӯзишвории тасдиқшуда аз рӯйи тавозуни индикативӣ ҳаҷми муайянест, ки аз Русия бидуни ситонидани боҷ содирот мегардад. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳукумати Русия онро дастгирӣ мекунад ё на», – гуфтанд дар ҳукумат.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, тавозуни нафтӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли 2011 омода гардида буд, аммо ҳаҷми дар он зикршударо Русия маъқул нашуморидааст ва дар созишномаи мазкур ҳаҷми он коҳиш дода шудааст.

«Тобистони ҳамин сол дар тавозуни индикаторӣ мо рақами нааздик ба 2 млн. тонна маҳсулоти нафтиро зикр карда будем. Сипас онро то каме бештар аз 1 млн. тонна коҳиш додем. Аммо феълан рақами дақиқеро дар ин хусус гуфта наметавонем», – афзуданд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори Тоҷикистон ҳудуди 90%-ро ташкил медиҳад.

Қисмати боқимондаи маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ворид карда мешавад.

Тибқи маълумоти мониторинги доирнамудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли равон қимати бензин дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 59% боло рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.