БҶ ҷиҳати татбиқи CАSA-1000 200 млн. $ қарз ҷудо мекунад

Бонки ҷаҳонӣ масъалаи имкони ҷудо кардани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 200 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин месозад, мавриди баррасӣ қарор дорад. Интизорӣ меравад, ки ин қарз миёни чор кишвар – Афғонистону Тоҷикистон ва Покистону Қирғизистон тақсим карда шавад, – хабар дод ба ОИ […]

Аваз Юлдошев


Бонки ҷаҳонӣ масъалаи имкони ҷудо кардани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 200 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин месозад, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Интизорӣ меравад, ки ин қарз миёни чор кишвар – Афғонистону Тоҷикистон ва Покистону Қирғизистон тақсим карда шавад, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати энергетика ва саноат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии хароҷоти лоиҳаи CASA-1000 бо шумули харҷи пешбининагардида ва фоизҳо зимни сохтмон 953 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин ҷо ҳамчунин корҳои таъмиру таҳкими шабакаҳои дохилии барои лоиҳа зарурӣ ва хароҷоти пешакии дорои хусусияти экологӣ ва иҷтимоӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳамзамон пешбинӣ мегардад, ки ҳар як кишвари иштирокчӣ қисмате аз воситаҳоро барои маблағгузорӣ ба корҳои таъмиру таҳкими иқтидорҳои воқеъ дар қаламрави худ, ки ба лоиҳа дохиланд, ҷудо мекунад.

Тақсими маблағи хароҷоти лоиҳа ба кишварҳо тариқи зайл аст: Афғонистон – 309 млн., Тоҷикистон – 251 млн.,  Покистон – 197 млн. ва Қирғизистон – 196 млн. доллари ИМА. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.