«Тоҷиктрансгаз» соли 2012 «Тоҷиказот»-ро бо газ таъмин намекунад

«Тоҷиктрансгаз» соли 2012 яке аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Хатлон – «Тоҷиказот»-ро бо газ таъмин карданӣ нест. Директори генералии КМ «Тоҷиказот» Тоҳирхон Ғозиев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар посух ба дархости корхона ҷиҳати таъминот бо газ дар соли 2012 дар ҳаҷми 65 млн. метри мукааб аз «Тоҷиктрансгаз» мактуби мактуби расмӣ бобати […]

Сайраҳмон Назриев


«Тоҷиктрансгаз» соли 2012 яке аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Хатлон – «Тоҷиказот»-ро бо газ таъмин карданӣ нест.

Директори генералии КМ «Тоҷиказот» Тоҳирхон Ғозиев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар посух ба дархости корхона ҷиҳати таъминот бо газ дар соли 2012 дар ҳаҷми 65 млн. метри мукааб аз «Тоҷиктрансгаз» мактуби мактуби расмӣ бобати рад сохтани дархост расидааст.

«Дар мактуб изҳор шудааст, ки вазъи коршоямии лӯлаҳо дар чанде аз қисматҳои воқеъ дар ноҳияи Хуросон қаноатбахш набуда, ҳамчунин дар қисмати лӯлаи гази масофаи 105 километр баргузории корҳои таъмир ба нақша гирифта шудааст. Онҳо ба мо пешниҳод карданд, ки мо низ дар корҳои таъмир ширкат варзем, вале наандешидаанд, ки ин қадар маблағро мо аз куҷо пайдо мекунем, чун барои иваз кардани танҳо як километри лӯлаи газ 1 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст», – мегӯяд Ғозиев.

Ба гуфтаи вай, айни замон «Тоҷиказот» ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъала ба унвони ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорати энергетикаву саноат мактуб фиристодааст.

Ғозиев иброз дошт, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани газ корхона муддати беш аз 2 сол аз фаъолият бозмонда, беш аз 600 нафар коргарони он дар рухсатии бемузд қарор доранд. «Тобистони соли равон пас аз гуфтушуниди тӯлонии мақомоти раҳбарии корхона бо ҳукуматдорон «Тоҷиказот» фаъолияти худро барқарор намуд, вале боз ба иллати нокофӣ будани таъминот бо газ, танҳо муддати 8 рӯз фаъолият карда тавонисту халос», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.