Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби президенти Тоҷикистон

Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоеро, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дастгирӣ шудааст, ба имзо расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, президент қонунҳоеро аз қабили «Дар бораи консесияҳо», «Дар бораи ташхиси экологӣ», тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоеро, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дастгирӣ шудааст, ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, президент қонунҳоеро аз қабили «Дар бораи консесияҳо», «Дар бораи ташхиси экологӣ», тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бо коррупсия», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи аслиҳа» ва тағйирот ба Кодекси гумруки Тоҷикистонро ба тасвиб расонидааст.

Ҳамаи қонунҳои баимзорасида аз тарафи президент пас аз нашри онҳо дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.