Коҳиши ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан

Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон тавассути тамоми воситаҳои нақлиёт ҳудуди 57 млн. тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл шудааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,4% зиёд аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ҳамлу нақли бори ҷумҳурӣ саҳми нақлиёти заминӣ (автомобилӣ) хеле назаррас буда, вазни хоси […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон тавассути тамоми воситаҳои нақлиёт ҳудуди 57 млн. тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл шудааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,4% зиёд аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ҳамлу нақли бори ҷумҳурӣ саҳми нақлиёти заминӣ (автомобилӣ) хеле назаррас буда, вазни хоси он қариб 100% аз ҳаҷми ҳамлу нақл тариқи тамоми васоити нақлиётро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 48,2 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 4% бештар аст.

Ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан беш аз 8,4 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 88,7%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ 85,1% аз ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути ҳамаи навъи нақлиёт рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.