ВМКБ: Садамаи нақлиёт ҷони 5 танро рабуд

Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, садамаи аввал дар наздикии деҳаи Ванчеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст. «Дар натиҷаи бо суръати баланд ҳаракат кардан автомашинаи «Чанху»-и истеҳсоли Чин ба ҷарӣ сарозер рафта, чор […]

Аваз Юлдошев


Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, садамаи аввал дар наздикии деҳаи Ванчеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст. «Дар натиҷаи бо суръати баланд ҳаракат кардан автомашинаи «Чанху»-и истеҳсоли Чин ба ҷарӣ сарозер рафта, чор нафар мусофирони он аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву боз як мусофири дигар бо ҷароҳатҳо ба беморхонаи маҳаллӣ мунтақил шудаанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар километри 60-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе автомашинаи тамғаи «Жигули» ба автомашинаи тамғаи «Чанху» бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи «Чанху» ба ҳалокат расидааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.