Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишкадаҳои исломии Тоҷикистону Русия

Миёни Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифаи Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Қазон, ки Донишкадаи исломии Русия он ҷо воқеъ аст, зери созишномаи мазкур мудири шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев


Миёни Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифаи Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Қазон, ки Донишкадаи исломии Русия он ҷо воқеъ аст, зери созишномаи мазкур мудири шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, профессор, доктори улуми фалсафа Абдуманнон Саидов ва ректори Донишгоҳи исломии Русия Рафиқ Муҳаметшин имзо гузоштанд.

«Дар доираи сафар ба шаҳри Қазон намояндагони донишкадаи мо аз фаъолияти Донишгоҳи исломии Русия дар мавриди таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва таълими он дар факултаи улуми шариат таҷриба андӯхта, ҳамчунин бо ташкили кори илмиву методии донишгоҳ ва ҷараёни умумии омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанги исломӣ аз наздик ошно хоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон таҷрибаандӯзӣ маҳз дар Донишгоҳи исломии Русияро бинобар сабаби тамоили анъанаҳои ҳанафӣ доштани он интихоб намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.