Сабти беш аз 15 ҳазор нафар гирифторони бемории зуком

Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон дар Тоҷикистон 15 ҳазору 749 нафар гирифторони бемории зуком ё худ грипп ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 нафар зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  сардори Раёсати давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, дар ҳамин ҳол, соли равон […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон дар Тоҷикистон 15 ҳазору 749 нафар гирифторони бемории зуком ё худ грипп ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 нафар зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  сардори Раёсати давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, дар ҳамин ҳол, соли равон танҳо як навъи зуком – НЗ ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта се навъи ин ангезанда – H1N1, H3 ва В сабт гардида буд.

«Соли 2010 ҷиҳати пешгирии зукоми навъи H1N1 маъракаи эмгузаронӣ доир гардида буд ва аз ин рӯ, айни замон ҷисми мардум ба навъҳои гуногуни зуком метавонад тобовар бошад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҷаъфаров илова намуд, ки афзоиши ҳодисаҳои сироят ба гепатити вирусии А ё зардпарвин (бемории Боткин), ки бештар тавассути маҳсулоти ғизойӣ ё об ба каси дигар мегузарад, дар ҳоли коҳишёбӣ аст. «Ҳарорати пасти ҳаво ба афзоиши ангезандаҳо имкон намедиҳад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сатҳи афзоиш қатъ гардида, моҳҳои март ё нимаи апрели соли оянда шумори гирифторони ин ангезанда ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз 9 ҳазору 385 ҳодисаи сабтшудаи гирифторӣ ба бемориҳои гепатит дар Тоҷикистон, 8 ҳазору 955 нафарашонро маҳз мубталоёни бемории гепатити А ташкил медиҳанд, ки 80%-и онҳо кӯдакону наврасон мебошанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 682 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатити А ба қайд гирифта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.