Даҳҳо далели фурӯши ғайриқонунии маснӯоти пиротехникӣ ошкор шуд

Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ кормандони милиса ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани далелҳои фурӯши ғайриқонунии маснӯоти пиротехникӣ мунтазам рейдҳо мегузаронанд. Рейдҳо дар доираи амалисозии супориши мақомоти раҳбарии ВКД ҶТ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1999 дар бораи манъ кардани ворид ва фурӯши маводи пиротехникӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ доир мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев


Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ кормандони милиса ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани далелҳои фурӯши ғайриқонунии маснӯоти пиротехникӣ мунтазам рейдҳо мегузаронанд.

Рейдҳо дар доираи амалисозии супориши мақомоти раҳбарии ВКД ҶТ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1999 дар бораи манъ кардани ворид ва фурӯши маводи пиротехникӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл сокини 44-солаи ноҳияи Шаҳритӯс боздошт шудааст, ки дар манзили зисташ 284 адад маснӯоти пиротехники истеҳсоли Чин дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Ҳамчунин дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳафт далели фурӯши ғайриқонунии чунин мавод ошкор гардида, дар натиҷа аз савдогарони бевиҷдон ҳудуди 5 ҳазор адад маснӯоти пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми декабр кормандони шӯъбаи БДА РКД-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи сокини ноҳияи Рашт Дилшод Абдуллоевро боздошт намуда, зимни азназаргузаронӣ аз дохили он 28 ҳазору 800 адад маснӯоти пиротехникӣ мусодира кардаанд.

«Нисбат ба ҳамаи фурӯшандагон ва паҳнкунандагони маснӯоти пиротехникӣ парвандаҳои маъмурӣ боз шуданд», – таъкид карданд дар ВКД.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ шурӯъ аз 30-юми декабр кормандони милиса ба низоми пурзӯри адои хизмат мегузаранд. Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гурӯҳҳои иловагии милиса кӯчаву хиёбон ва макони ҷамъшавии оммавии мардумро назорат хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.