С.Шарифов ба ҳайати кумитаи умури байнулмилалии парлумон шомил гардид

Собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, ки рӯзи 18-уми декабр ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар иҷлосияи имрӯза ба ҳайати Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот шомил гардид. Ғайр аз ин, бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи мардумӣ Убайдулло […]

Аваз Юлдошев


Собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, ки рӯзи 18-уми декабр ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар иҷлосияи имрӯза ба ҳайати Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот шомил гардид.

Ғайр аз ин, бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи мардумӣ Убайдулло Давлатов раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба сохтмон ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб карда шуд. Қаблан ин вазифа ба дӯши вакили марҳум Сафаралӣ Раҷабов, ки рӯзи 6-уми октябри соли равон аз олам даргузашт, вогузор гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3-и шаҳри Душанбе номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.

Дар интихобот 88%-и интихобкунандагон иштирок карда, ба ҷонибдории С.Шарифов 78,82% раъй доданд. Рақибони ӯ раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ба 5,97, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ғайриҳизбӣ Абдуқаҳҳор Турсунов ба 5,68, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ба 6,11%-и раъйи интихобкунандагон соҳиб шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.