Пеш аз соли нав нархи маҳсулот дар Душанбе поин меравад

Date:


Дар  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид.

Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа роҳбарони аввали Иттифоқи «Тоҷикматлубот», бозорҳои коммуналии шаҳр, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва раисони ноҳияҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа қарор гардид, ки рӯзҳои 28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012  аз ҳисоби захираҳои ташкилотҳои зикргардида дар тамоми бозорҳои коммуналӣ : Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон  ва Қарияи боло маҳсулоти ниёзи аввалияи гӯшти гов то 27 сомонӣ, гӯсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ  то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурӯш гузошта мешаванд.

Барои дастрасии васеи сокинон ярмарка-фурӯши номгӯи маҳсулоти зикргашта аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур”, вазорати кишоварзӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ ва КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” дар бозори Қарияи боло  ташкил карда мешаванд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...