Барфи зиёд ба кори фурудгоҳи пойтахт мушкилот пеш овард

Date:


Айни замон фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамаи ҳавопаймоҳои хатсайрҳо, ки парвозашон  субҳи имрӯз бинобар сабаби боришоти шадиди барф ба таъхир гузошта шуда буд, айни замон ба парвоз омодаанд.

Ғайр аз ин, акнун фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои чаҳор хатсайрро, ки субҳи имрӯз ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе бинобар биноии нокофӣ фуруд омада натавонистанд, қабул намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, ҳавопаймоҳои хатсайрҳои фурудгоҳи Внуковои Маскав-Душанбе ва Екатеринбург-Душанбе ба шаҳри Тошканд ва ҳавопаймоҳои хатсайри фурудгоҳи Домодедово Маскав-Душанбе ва Дубай-Душанбе ба фурудгоҳи Хуҷанд фиристода шуда буданд. Дар фурсати наздиктарин онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд хоҳанд омад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...