Барфи зиёд ба кори фурудгоҳи пойтахт мушкилот пеш овард

Айни замон фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамаи ҳавопаймоҳои хатсайрҳо, ки парвозашон  субҳи имрӯз бинобар сабаби боришоти шадиди барф ба таъхир гузошта шуда буд, айни замон ба парвоз омодаанд. Ғайр аз ин, акнун фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои чаҳор хатсайрро, ки субҳи имрӯз ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе бинобар биноии нокофӣ фуруд омада […]

Аваз Юлдошев


Айни замон фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамаи ҳавопаймоҳои хатсайрҳо, ки парвозашон  субҳи имрӯз бинобар сабаби боришоти шадиди барф ба таъхир гузошта шуда буд, айни замон ба парвоз омодаанд.

Ғайр аз ин, акнун фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои чаҳор хатсайрро, ки субҳи имрӯз ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе бинобар биноии нокофӣ фуруд омада натавонистанд, қабул намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, ҳавопаймоҳои хатсайрҳои фурудгоҳи Внуковои Маскав-Душанбе ва Екатеринбург-Душанбе ба шаҳри Тошканд ва ҳавопаймоҳои хатсайри фурудгоҳи Домодедово Маскав-Душанбе ва Дубай-Душанбе ба фурудгоҳи Хуҷанд фиристода шуда буданд. Дар фурсати наздиктарин онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд хоҳанд омад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.