Дар Душанбе беш аз 210 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори навбатии маводи мухаддир сӯзонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ин навбат дар оташдонҳои махсус 213 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 47 кило ҳашиш, беш аз 5 кило героин, 333 грамм афюн ва 160,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд. Ғайр […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори навбатии маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ин навбат дар оташдонҳои махсус 213 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 47 кило ҳашиш, беш аз 5 кило героин, 333 грамм афюн ва 160,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд. Ғайр аз ин, як миқдор ҳаб (таблетка)-ҳои фенобарбитал, ки воситаи психотропӣ мебошад, низ нобуд карда шуд.

«Маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 25 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст», – гуфтанд дар Агентӣ.

Чорабинии мазкур дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти интизомӣ, судӣ, рӯзноманигорони воситаҳои ахбори умуми ватаниву хориҷӣ доир гардид.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз замони таъсиси Агентии назорати мавои нашъаовари назди президенти Тоҷикистон тариқи сӯзонидан ҳудуди 14 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.