Таъсири манфии қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ба кори нақлиёти мусофирбари пойтахт

Date:


Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки нисбат ба мушкилоти ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои дохилишаҳрии № 1, 2, 12, 22 ва 37 бо дарки фаҳмишу масъулият муносибат намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар хатсайрҳои зикршуда бинобар сабаби қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон рӯйи кор омадааст.

Ба гуфтаи вай, дар пойтахт ба ҳамлу нақли мусофирон беш аз 100 адад нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекунанд, машғул мебошанд.

«Бо назардошти вазъи баамаломада, сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки камбуди шумори нақлиёти мусофирбареро, ки бо газ кор мекунанд, ба дигар воситаҳои нақлиёт, ки бо маводи сӯзишвории навъи дигар кор мекунанд, иваз намоянд», – таъкид кард Саидов.

Ӯ ҳамчунин итминон дод, ки мушкилоти муваққатӣ дар ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахт дар рӯзҳои наздиктарин роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...