Таъсири манфии қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ба кори нақлиёти мусофирбари пойтахт

Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки нисбат ба мушкилоти ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои дохилишаҳрии № 1, 2, 12, 22 ва 37 бо дарки фаҳмишу масъулият муносибат намоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар хатсайрҳои зикршуда бинобар сабаби қатъи […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки нисбат ба мушкилоти ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои дохилишаҳрии № 1, 2, 12, 22 ва 37 бо дарки фаҳмишу масъулият муносибат намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар хатсайрҳои зикршуда бинобар сабаби қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон рӯйи кор омадааст.

Ба гуфтаи вай, дар пойтахт ба ҳамлу нақли мусофирон беш аз 100 адад нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекунанд, машғул мебошанд.

«Бо назардошти вазъи баамаломада, сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки камбуди шумори нақлиёти мусофирбареро, ки бо газ кор мекунанд, ба дигар воситаҳои нақлиёт, ки бо маводи сӯзишвории навъи дигар кор мекунанд, иваз намоянд», – таъкид кард Саидов.

Ӯ ҳамчунин итминон дод, ки мушкилоти муваққатӣ дар ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахт дар рӯзҳои наздиктарин роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.