С.Абдуқодирзода: Ман мусулмононоро ба таҷлил накадани ҷашни Соли нав даъват накардаам

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилооти як қатор расонаҳои хабариро дар бораи он ки ӯ гӯё аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷашни Соли нави милодиро таҷлил накунанд, рад месозад. Дар робита ба ин масъала Абдуқодирзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ӯ дар посух ба саволи хабарнигори хадамоти […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилооти як қатор расонаҳои хабариро дар бораи он ки ӯ гӯё аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷашни Соли нави милодиро таҷлил накунанд, рад месозад.

Дар робита ба ин масъала Абдуқодирзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ӯ дар посух ба саволи хабарнигори хадамоти тоҷикии Би-Би-Сӣ, ки пурсидааст: «Шумо баргузории маросими Ошӯроро манъ кардед, пас чаро таҷлили ҷашни Соли навро маҳкум намекунед?», посух додааст, ки «Ошӯро маросими динӣ аст, вале Соли нав иди дунявист. Ин ҷашни исломӣ нест ва дар Қуръон дар ин хусус чизе гуфта нашудааст. Аммо суханони маро ба дигар маънӣ пешниҳод карданд».

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи фарорасии Соли нави милодӣ хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоъ дода буд, ки Абдуқодирзода аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки аз таҷлили ҷашни Соли нави милодӣ худдорӣ варзанд, зеро он мухолифи рукнҳои исломӣ буда, ба расму оини тоҷикон мутобиқат намекунад.

Аммо таваҷҷуҳи зиёд ба суханони муфтӣ пас аз қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола дар пойтахт, ки сарулибоси Бобои барфӣ дар бар дошт, пайдо шуд. Чанде сурат гирифтани ин амалро ба ҷанбаи мазҳабӣ нисбат доданд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла ВКД ин андешаро ғайривоқеӣ арзёбӣ карда, изҳор карданд, ки ҷинояти мазкур дар натиҷаи як ҷанҷоли маъмулӣ содир гардида, ҷавонони ҷинояткор дар ҳолат мастӣ қарор доштанд.

Дар мавриди шарҳи масъалаи мазкур С.Абдуқодирзода гуфт, ҳеҷ инсоне бо сарулибоси дгар ба бар кардан «кофир» намешавад. «Қатли инсон гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ аст. Оллоҳ то он замоне, ки гунаҳкор тамоми азобҳои расонида ба дигар касро худ эҳсос накунад, ҳеҷ гоҳ қотилонро нахоҳад бахшид», – мегӯяд раиси Шӯрои уламо.

«Ман ин амалро дар ҳама гуна ҳолат маҳкум менамоям, мусулмонони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст намезанад», – афзуд муфтӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.