Тағйирот дар сохтори кадрии ҳукумати ҷумҳурӣ

Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори кадрии ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тағйиротҳо сурат гирифтанд. Ҳамин тариқ, Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан дар мансаби муовини аввали вазири кишоварзӣ ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи […]

ASIA-Plus


Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори кадрии ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тағйиротҳо сурат гирифтанд.

Ҳамин тариқ, Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан дар мансаби муовини аввали вазири кишоварзӣ ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич, ки қаблан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуда кор мекард, ба вазифаи муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович ба вазифаи муовини директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумисиёсӣ ва иҷтимоӣ – сардори шӯъбаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, маориф ва илми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бобоев Шавкат Бобораҷабович аз вазифаи раиси шаҳри Чкалов ба мақоми мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Расулов Дилшод Ҷабборович директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод» таъин карда шуданд. 

Ғайр аз ин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ шахсон аз вазифа озод гардиданд:

Ашӯров Субҳонуддин Бурҳонович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Гулов Маҳмадалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод», Узоқова Зулфия Анваровна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Бобоев Шавкат Бобораҷабович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторов Абдуҷамил Халилович аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...