Ду садамаи нақлиётии марговар дар вилояти Суғд

Date:


Дар вилояти Суғд ду ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ҷамоати Косатароши ноҳияи Панҷакент Фарҳод Усмонови 21-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Панҷакент-Суғдиён дар қаламрави ҷамоати Чорбед аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Конибодом низ ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом Далер Мараҷабови 26-сола низ ба дарахти канори роҳ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта зимни мунтақил гардидан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти шӯъбаи БДА-и РКД-и вилояти Суғд, соли 2011 дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 368 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2010 – 386 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 154 нафар ҳалок (соли 2010 – 108 нафар) ва 381 нафар (соли 2010 – 420 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...