Гуфтушуниди роҳбарони Комиссияҳои марказии интихоботии Тоҷикистону Афғонистон

spot_imgspot_img

Дата:


Чанде қабл мулоқоти раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳмамади Шоҳиён бо ҳайати намояндагии Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ки таҳти сарварии раиси он Фазл Аҳмад Маънавӣ ҷиҳати иштирок дар семинари тахассусӣ оид ба «Комиссияи интихоботии худмухтор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар роҳи рушди демократия» ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор шуд.

Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни пазироӣ аз меҳмонон Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуд, ки мо манфиатдорем, ки муносиботи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо кишвари дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон беш аз пеш рушду нумӯ ёбад. Мавсуф кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Давлати Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро дар роҳи рушди муносиботи дуҷониба пурсамару судманд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки пулҳои тайи чанд соли охир бар рӯи рӯди Панҷ сохташуда иртиботи амалии ҳарду ҷонибро дар заминаҳои гуногуни иқтисодиву фарҳангӣ амиқу густурдатар намуд.

Сипас Шермуҳаммади Шоҳиён меҳмононро бо ҷараёни фаъолияти Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти комиссия дар соли сипаришуда ва барномаи кор дар соли 2012 маълумот дод. Зикр гардид, ки Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани семинарҳои омӯзиширо дар мавзӯи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳақуқии интихобкунандагон ба нақша гирфтааст.

Раиси Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон Фазл Аҳмад Маънавӣ низ зимни ҷонибдории худ аз густариши муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон роҷеъ ба фаъолияти сохтори мазкур дар кишвараш маълумот дод. Номбурда зикр кард, ки Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон сохтори ҷавон аст ва ниёз ба омӯзишу таҷрибандӯзии бештар дорад. Таҷрибаи ҳамкасбони тоҷикистонӣ метавонад омӯзиши хубе дар ин замина барои ҳамтоёни афғониашон бошад, зеро аз ҳар кишвари дигар дида мо бо Тоҷикистон муштаракот ва ҳамсӯиҳои бештар дорем.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...