Cуғд: Боздошти афсари олирутба ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии мухаддирот

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афсари олирутбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, корманди 37-солаи кумитаи зикршуда дар рутбаи подполковник дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови боздоштшуда аз ӯ бастаи […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афсари олирутбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, корманди 37-солаи кумитаи зикршуда дар рутбаи подполковник дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.

«Ҳангоми кофтукови боздоштшуда аз ӯ бастаи селлофанӣ дарёфт шудааст, ки дар дохилаш 4,5 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабисӣ мавҷуд буд», – гуфт манбаъ.

Зикр мегардад, ки боздоштшуда муовини фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ будааст. Вазифаҳои кори тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ, масъулият нисбат ба риояи интизому қонуният миёни сарбозон ба дӯши ӯ вогузор гардида будааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.