Ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2011 беш аз 6,3 млрд. $-ро ташкил дод

Date:


Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 6,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар ин давра 23,8% – ба бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, 12,3% – ба саноат бо шумули энергетика, 11% – ба андоз, 7,4% – ба сохтмон, 14,3% – ба нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ, 3,8% – ба идораи давлатӣ ва бимаи ҳатмии иҷтимоӣ, 0,4% – ба фаъолияти молиявӣ, амалиёт бо амволи ғайриманқул ва иҷора, 4,5% – ба маориф, 2,8% – ба соҳаи тандурустӣ ва пешниҳоди хизматгузориҳои иҷтимоӣ, 3,7% – ба пешниҳоди хизматгузории коммуналӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2010 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ беш аз 24,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2009 – 20,6 млрд. сомониро ташкил дода буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...