Гузаргоҳҳои гумрукии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳанӯз бастаанд

Айни замон 9 гузаргоҳи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд. Ба гуфтаи муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар доираи созишномаи баимзорасида миёни кишварҳо дар байни давлатҳо бояд 16 нуқтаи гузаргоҳҳо амал намоянд. «Ман танҳо гуфта метавонам, ки ҷониби Ӯзбекистон аз 1-уми августи соли гузашта моро огоҳ […]

Наргис Ҳамробоева


Айни замон 9 гузаргоҳи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.

Ба гуфтаи муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар доираи созишномаи баимзорасида миёни кишварҳо дар байни давлатҳо бояд 16 нуқтаи гузаргоҳҳо амал намоянд.

«Ман танҳо гуфта метавонам, ки ҷониби Ӯзбекистон аз 1-уми августи соли гузашта моро огоҳ карда буд, ки дар се гузаргоҳи гумрукӣ корҳои таъмири баргузор шуда истодаанд. Бо кадом сабаб дигар гузаргоҳҳо баста шудаанд, маълум нест», – гуфт Раҳматов.

Номбурда таъкид кард, ки созишномаи баимзорасида то ҳанӯз амал мекунад ва муқаррарот дар бораи фаъолияти гузаргоҳҳоро ҷонибҳо дубора баррасӣ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд, гузаргоҳҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозанд.

«Аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёти ҳарду кишвар бо риояи талаботи гумрукӣ бидуни мамониат равуо доранд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.