Агентии зиддифасод чанде аз муборизон алайҳи маводи мухаддирро дастгир кард

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ошкор сохт, ки ба роҳбарӣ ва дастгирии гурӯҳҳои муташаккили қочоқи нашъа дар фаъолияти онҳо гумонбар дониста мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари […]

Наргис Ҳамробоева


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ошкор сохт, ки ба роҳбарӣ ва дастгирии гурӯҳҳои муташаккили қочоқи нашъа дар фаъолияти онҳо гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2011 сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ, майори милиса Зафар Мирзоев тибқи маслиҳати пешакӣ бо шиноси худ Д.С. ба шаҳрванд П.А. бо мақсади фурӯш ва минбаъд маблағи пулӣ тамаъҷӯйӣ кардан 2 кило героин медиҳад.

Минбаъд маводи мухаддир ба шасони севум дода шуд, онҳо моҳи октябр аз ҷониби кормандони шӯъбаи Раёсати зикршуда дастгир карда мешаванд. Ба сифати «харидор» майор корманди худро истифода бурдааст.

«Зимни  тафтиши пешакӣ ӯ аз боздоштшудагон дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА пора гирифта, онҳоро ғайриқонунӣ аз ҷазои ҷиноӣ озод мекунад. Айни замон дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Агентии мазкур ва Прокуратураи генералӣ созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ҷиноят – майори шӯъбаи раёсат Зафар Мирзоев ва ду нафар шаҳрвандон – П.А. ва Д.С. ба ҳабс гирифта шуданд», – афзуданд дар Агентӣ.

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳафтаи гузашта ба гумони даст доштан дар дастгирӣ ва пуштибонии фурӯшандагони маводи мухаддир сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии мавод мухаддири яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷурми ба роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ, шаҳрванд Р.Х. додани 42 кило маводи мухаддир ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он боздошт шуда буд. Ҳамчунин пуштибони дигари роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ –  сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД-и шаҳри Душанбе подполковники милиса низ ба ин иттиҳом боздошт гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.