Ифтитоҳи нахустин Маркази протсессингии миллӣ дар Тоҷикистон

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони вазоратҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва хориҷӣ бахшида ба муаррифии Маркази протсессингии миллӣ ҷамъомад баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Маркази протсессингии миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ хизматрасониҳо оид ба ҷараён ва роҳандозӣ кардани амалиётҳои коркарди иттилоот, амалиётҳои транзаксионӣ ва молиявиро пешниҳод менамояд. Ҳамчунин […]

ASIA-Plus


Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони вазоратҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва хориҷӣ бахшида ба муаррифии Маркази протсессингии миллӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Маркази протсессингии миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ хизматрасониҳо оид ба ҷараён ва роҳандозӣ кардани амалиётҳои коркарди иттилоот, амалиётҳои транзаксионӣ ва молиявиро пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин Маркази протсессингии миллӣ ҳисоббаробаркуниҳои байниҳамдигарии иштирокдорони маркази мазкурро бо асъори миллӣ аз тариқи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зимни суханрониҳояшон дар ин ҷаласа иброз доштанд, ҳадафи асосии ташкили Маркази миллии протсессингӣ, ин таъмини соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ аз низомҳои пардохтии хориҷӣ ва кам кардани хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохторҳои пардохтии Тоҷикистон мебошад.

  Имконоти Маркази протсессингии миллӣ номгӯйи пурраи хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкиро, аз қабили пешниҳод ва қабули маблағҳои пулӣ, пардохти харид ва хизматрасониҳо, интиқоли маблағҳо аз як корти пардохтӣ ба корти дигар, анҷоми амалиётҳои бонкӣ аз тариқи шабакаи интернет, (интернет-банкинг), алоқаи мобилӣ ва пайки бонкдорӣ (SMS –банкинг)-ро дар бар мегирад.

Маркази номбурда дорои имкониятҳои васеъи технологӣ оид ба ин низом пайваст намудани банкоматҳо ва терминалҳои пардохтии бонкҳои иштирокдор, тайёр намудани кортҳои пардохтӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳо оид ба қабули пардохтҳои хизматрасониҳои соҳаҳои мухталиф (шабакаи интернет, алоқаи мобилӣ ва ғ.), пайвастшавӣ ба марказҳои протсессингие, ки ба бонкҳои Тоҷикистон хизмат мерасонанд, мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.