Ҷасади дар зиндони Саратов ҳалокшудаи тоҷик ба ватан оварда шуд

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Алишер Ҳусейнов тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Маскав ба ватан оварда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, А.Ҳусейнов бар асари бемории дил дар муассисаи ислоҳотӣ, ки муҳлати ҷазояшро барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ адо мекард, ба ҳалокат расидааст. Моҳи августи соли 2010 ӯ […]

Аваз Юлдошев


Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Алишер Ҳусейнов тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Маскав ба ватан оварда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, А.Ҳусейнов бар асари бемории дил дар муассисаи ислоҳотӣ, ки муҳлати ҷазояшро барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ адо мекард, ба ҳалокат расидааст.

Моҳи августи соли 2010 ӯ аз ҷониби суди шаҳри Маскав ба муҳлати 10 сол маҳкум гардида, муҳлати ҷазояшро дар яке аз муассисаҳои ислоҳотии вилояти Саратов адо мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.