ТАЛКО қарзаш ба ширкати «Барқи тоҷик»-ро пурра пардохт намуд

Date:


Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) мегӯяд, дар назди ширкати «Барқи тоҷик» қарздор нест. Дар ин бора дар иттилоияи расмии ТАЛКО хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, 14-уми январ Оҷонсии «Азия-Плюс» бо истинод ба сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дода буд, ки соли 2011 ширкати «ТАЛКО» мунтазам қарзҳои худро ҳисоббаробарӣ намуда, ҳамчунон 34,7%-и қарзи солҳои пешинро низ пардохтааст.

Ширкати ТАЛКО ин гуфтаҳоро тасдиқ сохта, дар ҳамин ҳол, изҳор медорад, ки  маълумоти марбут ба ҳисоббаробариҳои ширкат бо «Барқи тоҷик» асоси воқеъӣ надоранд.

Бино ба маълумоти «ТАЛКО», қарзи ширкат дар назди «Барқи тоҷик» ба 526,2 млн. сомонӣ баробар буд ва ба санаи 1-уми январи соли равон ширкат на танҳо тамоми қарзҳои худро пардохт кард, балки дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ низ пардохт намудааст, ки акнун ширкати «Барқи тоҷик» аз корхонаи алюминӣ қарздор монд.

Қобили зикр аст, ки дар тӯли 37 соли фаъолияти КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» бори нахуст аст, ки акнун энергетикҳо аз ширкат қарздор шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...