Хуҷанд ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ омодагӣ мегирад

Date:


Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сатҳи баланди ин санаи таърихиву сарнавиштсози халқу миллат бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд иборатан аз моҳи ноябри соли гузашта дар саросари шаҳр маъракаи 12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ эълон шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар доираи ин маърака бунёди бисёр иншооти ҷашнии таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ ва хоҷагӣ, таъмиру мумфаршкунии якқатор кӯчаҳои дохилии маҳаллаву микроноҳияҳо, ободонию сабзкории боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов  шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозиро вазифадор кард, ки тарҳи нави ороиши хиёбону гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатиро омода намояд.

Минбаъд дар саросари шаҳр ниҳолҳои ороишии  ҳамешасабз шинонда, хатти сабзи бари кӯчаҳои асосӣ  пурра гулпӯш  хоҳад шуд. Дар ин маврид имкониятҳои муассисаи кабудизоркунии шаҳр, ки алҳол дар гармхонаҳо қаламчаи гулҳои гуногуннавъро парвариш менамояд, комилан истифода мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Нақшаи кулли сохтмони шаҳри Хуҷанд, ки дар 20 соли наздик бунёди Хуҷанди азимро пешбинӣ мекунад, моҳи октябри соли 2010-ум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...