Суқути чархболи НАТО дар Афғонистон 6 кушта бар ҷой гузошт

Дар натиҷаи суқути чархбол дар минтақаи ҷануби Афғонистон 6 тан аз сарбозони Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад Reuters. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани ҳалокшудагон маълумот дода намешавад. Сабаби садама маълум нест, вале тибқи маълумоти пешакии намояндаи нерӯҳои байнулмилалии эътилофи низомӣ, дар макони ба замин бархӯрдани чархбол аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Дар натиҷаи суқути чархбол дар минтақаи ҷануби Афғонистон 6 тан аз сарбозони Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд, – хабар медиҳад Reuters. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани ҳалокшудагон маълумот дода намешавад.

Сабаби садама маълум нест, вале тибқи маълумоти пешакии намояндаи нерӯҳои байнулмилалии эътилофи низомӣ, дар макони ба замин бархӯрдани чархбол аз ҷониби ҷангиён ҳеҷ амали шубҳаоваре ба мушоҳида нарасидааст.

Ҳамчунин дар бораи ба кадом амалиёт машғул будани сарбозони дохили чархбол низ маълумот мавҷуд нест.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли 2011 бар асари суқути чархбол дар Афғонистон нерӯҳои низомии НАТО талафоти бузург доданд. Он замон дар натиҷаи садама 38 нафар, аз ҷумла 31 нафар сарбозони нерӯҳои таъиноти махсуси ИМА ба ҳалокат расида буданд.

Масъулияти нобуд сохтани чархбол ва ҳалокати низомиёнро ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.