Ҷаласаи аввали баррасии даъвои Тӯраҷонзодаҳо ба раиси Шӯрои уламо

Date:


Ҷаласаи нахустини баррасии даъвои рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо  нисбат ба раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода нимаи дуюми имрӯз дар суди ноҳяи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор мешавад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хабар дод, онҳо муфтиро дар тӯҳмат ва таққаллубкории изҳороти дар масҷидҳо қироатшуда гунаҳкор мешуморанд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба он  таавааҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки С.Абдуқодирзода онҳоро дар анҷом додани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа, ҷонибдории мазҳаби мазкур ва канор рафтан аз равияи суннӣ гунаҳкор кард.

Даъвои дигари бародарон дар он ифода меёбад, ки онҳо мегӯянд, изҳороти зикршуда аз номи Шӯрои уламо гӯё дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ ва қабул нагардидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуда буд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки «бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад».

Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро, ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ манъ кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...