Дар ҷануби Тоҷикистон куштори бераҳмонаи духтари 5-сола ошкор гардид

Кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҷинояти куштори духтари 5-соларо, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 8-уми январи ҳамин сол содир гардида буд, ошкор карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, рӯзи 25-уми январ дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи […]

Сайраҳмон Назриев


Кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҷинояти куштори духтари 5-соларо, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 8-уми январи ҳамин сол содир гардида буд, ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, рӯзи 25-уми январ дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон шахси гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шудааст.

«Боздоштшуда сокини ҳамин ноҳия, Фаррух Абдуллоеви 32-сола аст, ки қаблан барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба муҳлати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд», – гуфт Тағоймуродов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки зимни бозпурсии пешакӣ гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.