Нигаронии Вазорати тандурустӣ аз афзудани ҳодисаҳои ҳамлаи сагон ба одамон

Ҳамлаи сагони дайду ба одамон, ки ахиран дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯ ба афзоиш мениҳад, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои он дар маҳалҳоро нигарон сохтааст. Дар ин бора  дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири тандурустии кишвар, сардухтури давлатии санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҳар сол Вазоратҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ […]

Аваз Юлдошев


Ҳамлаи сагони дайду ба одамон, ки ахиран дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯ ба афзоиш мениҳад, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва воҳидҳои он дар маҳалҳоро нигарон сохтааст. Дар ин бора  дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири тандурустии кишвар, сардухтури давлатии санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳар сол Вазоратҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ ҳадди ақалл ду маротиба гузориши муштарак оид ба таҳлили вазъи мушкилоти мазкурро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд, вале фаъолияти ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва хадамоти коммуналӣ дар ин самт начандон қаноатбахшанд.

«Масалан, тибқи маъулмоти мо, соли ахир танҳо дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз 25 то 40 ҳодисаи ҳамалаи ҳайвоноти дайду ба одамон ба қайд гирифта шудааст. Вазорати тандурустӣ бо оқибатҳои он мубориза бурда, ҷабридагонро табобат ва эм мегузаронад. Аммо хадамоти коммуналӣ, ки дар он барои мубориза бо ҳайвоноти дайду воҳидҳо (шататҳо)- и махсуси корӣ пешбинӣ шудаанд, қариб амал намекунад», – гуфт Мирзоев.

Дар идома ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, хадамоти санитарии кишвар ният доранд, ки ояндаи наздик аз мақомоти ҳокимияи маҳаллӣ даъват ба амал оваранд, то ки ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир шавад. «Дар доираи салоҳияти худ аз онҳо андешидани чораҳои таъҷилиро тақозо хоҳем кард», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.