Баррасии масоили вусъати корҳои иктишофӣ дар майдонҳои нафтугази Тоҷикистон

Нимаи аввали рӯзи 25-уми январи соли равон дар шаҳри Маскав вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муовини Раиси ҶСК «Газпром» Голубев В.А. ва мутахассисони ҷамъияти мазкур баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Созишнома оид ба принсипҳои умумии […]

ASIA-Plus


Нимаи аввали рӯзи 25-уми январи соли равон дар шаҳри Маскав вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо муовини Раиси ҶСК «Газпром» Голубев В.А. ва мутахассисони ҷамъияти мазкур баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Созишнома оид ба принсипҳои умумии гузаронидани омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10.06.2008 ба имзо расидааст, баррасӣ гардид.

Аз ҷумла, атрофи масоили вусъат бахшидан ба корҳои сейсмо-иктишофӣ дар майдонҳои Шоҳамбарии ғарбӣ, ба итмом расонидани натиҷаҳои корҳои дар майдони Саргазон баанҷомрасонида ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои пармакунӣ дар чоҳи №1 Сариқамиш, инчунин оид ба ворид намудани таҷҷҳизотҳо, лӯлаҳо ва таҷҳизотҳои пармакунӣ табодули назар карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари мазкур вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси ҶСП «Зарубежнефтегаз» Гулев В.Л. низ баргузор гардид.

Нимаи дуюми рӯзи 25.01.2012 с. вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси ҶСК «Газпром» Миллер А. Б. барпо гардид. Дар вохӯрӣ Раиси ҶСК «Газпром» Миллер А. Б. изҳори итминон намуд, ки мулоқоти имрӯза барои амалӣ гардидани масъалаҳои дар рафти вохӯрӣ дар моҳи декабри соли 2010 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида мусоидат хоҳад кард.

Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гул Шералӣ бо даъвати Раиси ҶСК «Газпром» Миллер А. Б. ба шаҳри Маскав сафар намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.