Тобистони соли гузашта Тоҷикистон 2 млрд кВт/соат нерӯи барқро талаф дод

Тобистони соли гузашта ба иллати партоби ғайрикорӣ (холӣ)-и об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои барқӣ, Тоҷикистон 2 млрд. кВт/соат нерӯи барқро талаф дод. Зимни нишасти хабарӣ раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки соли гузашта аз обанборҳо дар ҳаҷми 3,3 млрд метри мукааб партоби ғайрикории об сурат гирифтааст. «На дар […]

Заррина Эргашева


Тобистони соли гузашта ба иллати партоби ғайрикорӣ (холӣ)-и об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои барқӣ, Тоҷикистон 2 млрд. кВт/соат нерӯи барқро талаф дод.

Зимни нишасти хабарӣ раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки соли гузашта аз обанборҳо дар ҳаҷми 3,3 млрд метри мукааб партоби ғайрикории об сурат гирифтааст.

«На дар дохил ва на дар хориҷи кишвар истеъмолгарони ин ҳаҷм нерӯи барқ пайдо нашуд, зеро ба содироти ҳаҷми зиёдатии нерӯи барқ имкон надоштем», – гуфт вай.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ маълумот доданд, ки дар сурати содироти ин ҳаҷми нерӯи барқ ба буҷети Тоҷикистон 160 млн. доллари ИМА маблағ ворид мегардид.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» соли 2011 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта камтар аст.

«Сабаби каме коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар соли гузашта камшавии сатҳи ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш аст, зеро соли гузашта дарё ях баста буд. Ба мо лозим омад, ки дар пойтахт низ реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намуда, лимит дар саросари ҷумҳуриро шадидтар созем», – қайд кард Ёров.

Ба қавли номбурда, соли равон дар шаҳри Душанбе ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ пешбинӣ нашудааст.

Бино ба маълумоти ширкати холдингӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2012 сатҳи об дар обанбори Норак 894,71 метрро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 44 см поинтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.