Як қатор мулоқоти ҳайати Комиссияи Аврупо бо роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ

Аз рӯзҳои 22 то 26 январи соли 2012 ҳайати Комиссияи Аврупо таҳти роҳбарии Мудири бахши кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси ороми Мудирияти ниҳоди рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо Дирк Меганк бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, бо мақсади муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои марбут […]

ASIA-Plus


Аз рӯзҳои 22 то 26 январи соли 2012 ҳайати Комиссияи Аврупо таҳти роҳбарии Мудири бахши кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси ороми Мудирияти ниҳоди рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо Дирк Меганк бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, бо мақсади муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши имконоти маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси барномаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобила ва инчунин мушаххасгардонии самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳо дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2014 – 2020, мулоқоту музокироти ҳайат бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Бахтиёр Худоёров, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат, инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ барпо гардиданд.

Зимни сафар ҳайат инчунин азм дорад, то бо муовини аввали Сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал – майор Шараф Файзуллоев ва роҳбарони як қатор намояндагиҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.