Соли ахир аҳолии минтақаи Кӯлоб 34 ҳазор нафар афзуд

Date:


Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, ки дар онҳо ба иштибоҳоти оморӣ то ба андозаи 3-4% роҳ дода мешавад, соли сипаришуда шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 34 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли равон 1 млн. 71 ҳазору 661 нафарро ташкил додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хабар дод, чунин маълумот дар асоси муроҷиати шаҳрвандон барои кӯмаки тиббӣ, бақайдгирии таваллуду марг ва муоинаи хона ба хонаи аҳолӣ аз ҷониб кормандони тиббӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, қариб ҳар як сокини 3-юми минтақа кӯдаки синнусоли то 14-сола (372 ҳазору 192 нафар) буда, шумори шахсони синнусоли аз 65-сола боло 56 ҳазору 48 нафарро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои сераҳолитарини минтақа Восеъ – 187 ҳазору 529 нафар, Фархор – 144 ҳазору 127 нафар, Ҳамадонӣ – 130 ҳазору 950 нафар маҳсуб меёбанд. Дар шаҳри Кӯлоб тақрибан 90 ҳазору 357 нафар кору зиндагӣ мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...