Соли ахир аҳолии минтақаи Кӯлоб 34 ҳазор нафар афзуд

Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, ки дар онҳо ба иштибоҳоти оморӣ то ба андозаи 3-4% роҳ дода мешавад, соли сипаришуда шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 34 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли равон 1 млн. 71 ҳазору 661 нафарро ташкил додааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази давлатии […]

Турко Дикаев


Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, ки дар онҳо ба иштибоҳоти оморӣ то ба андозаи 3-4% роҳ дода мешавад, соли сипаришуда шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 34 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1-уми январи соли равон 1 млн. 71 ҳазору 661 нафарро ташкил додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хабар дод, чунин маълумот дар асоси муроҷиати шаҳрвандон барои кӯмаки тиббӣ, бақайдгирии таваллуду марг ва муоинаи хона ба хонаи аҳолӣ аз ҷониб кормандони тиббӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, қариб ҳар як сокини 3-юми минтақа кӯдаки синнусоли то 14-сола (372 ҳазору 192 нафар) буда, шумори шахсони синнусоли аз 65-сола боло 56 ҳазору 48 нафарро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои сераҳолитарини минтақа Восеъ – 187 ҳазору 529 нафар, Фархор – 144 ҳазору 127 нафар, Ҳамадонӣ – 130 ҳазору 950 нафар маҳсуб меёбанд. Дар шаҳри Кӯлоб тақрибан 90 ҳазору 357 нафар кору зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.