Боз ду вакили Маҷлиси миллӣ ваколатҳояшонро месупоранд

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов ва Нуриддини Саидов, ки мутаносибан муовини аввали нахуствазир ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуданд, бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супоранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони кишвар хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Матлубхон Давлатов соли 2010 ҳангоми дар мансаби раиси […]

Аваз Юдошев


Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов ва Нуриддини Саидов, ки мутаносибан муовини аввали нахуствазир ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуданд, бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супоранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Матлубхон Давлатов соли 2010 ҳангоми дар мансаби раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ифои вазифа намуданаш бо фармони президент аъзои ММ МО ҶТ таъин шуд. Нуриддин Саидов, ки вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар дӯш дошт, аз ҳавзаи интихоботии Душанбе аъзои ММ МО ҶТ интихоб шуда буд. Ҳамин тариқ, аз 34 курсии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ айни ҳол 6 ҷой холӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шахсии собиқ аъзои палата собиқ раиси шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров қонеъ гардонида шуда, ваколатҳои аъзои ММ МО ҶТ шахсони мазкур бекор карда шуд.

Нимаи соли гузашта бинобар даргузашти нобҳангоми раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ қатъ гардида буданд.

Қобили зикр аст, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб намуда, 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумрӣ аъзои Маҷлиси миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъватии феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.