Шумори муштариёни Интернет дар Тоҷикистон ба 1,8 млн. нафар расид

Date:


Ҳаҷми умумии даромад дар бахши хизматгузории алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд. сомонӣ (беш аз 420 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 12% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров, тақрибан 95% (1,88 млрд сомонӣ) аз ҳаҷми умумии даромад ба операторони алоқаи мобилӣ ва интернет-провайдерон рост меояд.

Соли гузашта даромади ҶСК «Тоҷиктелеком» – ҳудуди 98 млн., КВД «Почтаи тоҷик» – 6,2 млн., КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» – 6,3 млн. ва дигар корхонаҳои зертобеъ – 1,4 млн. сомониро ташкил додаанд.

Шокиров зикр кард, ки аз ҳисоби ин даромад ба буҷети ҷумҳурӣ 360 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 40 млн. сомонии он аз ҳисоби хизматгузории хадамоти алоқа оид ба сертификатсия кардан, додани патентҳо, ҷарима ва дигар хизматгузориҳо аст.

Ба гуфтаи вай, айни замон дар Тоҷикистон 6,5 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ мавҷуданд, ки 3,9 млн. нафарашон рақамҳои фаъол доранд.

«Бо назардошти интернети телефонӣ, айни ҳол шумори истифодабарандагони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ 1,8 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли гузашта 38% бештар аст», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, феълан дар кишвар ба ҳар як сад нафар аҳолӣ 5 телефони доимӣ (статсионарӣ) ва 80 телефони мобилӣ рост меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...