Шумори муштариёни Интернет дар Тоҷикистон ба 1,8 млн. нафар расид

Ҳаҷми умумии даромад дар бахши хизматгузории алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд. сомонӣ (беш аз 420 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 12% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров, тақрибан 95% (1,88 млрд сомонӣ) аз ҳаҷми умумии даромад ба операторони […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми умумии даромад дар бахши хизматгузории алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд. сомонӣ (беш аз 420 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 12% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров, тақрибан 95% (1,88 млрд сомонӣ) аз ҳаҷми умумии даромад ба операторони алоқаи мобилӣ ва интернет-провайдерон рост меояд.

Соли гузашта даромади ҶСК «Тоҷиктелеком» – ҳудуди 98 млн., КВД «Почтаи тоҷик» – 6,2 млн., КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» – 6,3 млн. ва дигар корхонаҳои зертобеъ – 1,4 млн. сомониро ташкил додаанд.

Шокиров зикр кард, ки аз ҳисоби ин даромад ба буҷети ҷумҳурӣ 360 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 40 млн. сомонии он аз ҳисоби хизматгузории хадамоти алоқа оид ба сертификатсия кардан, додани патентҳо, ҷарима ва дигар хизматгузориҳо аст.

Ба гуфтаи вай, айни замон дар Тоҷикистон 6,5 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ мавҷуданд, ки 3,9 млн. нафарашон рақамҳои фаъол доранд.

«Бо назардошти интернети телефонӣ, айни ҳол шумори истифодабарандагони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ 1,8 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли гузашта 38% бештар аст», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, феълан дар кишвар ба ҳар як сад нафар аҳолӣ 5 телефони доимӣ (статсионарӣ) ва 80 телефони мобилӣ рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.