Интернет-провайдерони Тоҷикистон андози аксизиро пардохт карданӣ нестанд

Оператори миллии телекоммуникатсионии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернетро пардохт намекунад. Муовини раиси Шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком» Боймурод Мирзоёров дар робита ба ин масъала зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ширкат андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% барои хизматгузориҳои интернетро пардохт накардааст ва минбаъд низ пардохт намекунад. «Маъмулан ба маҳсулот ва хизматгузориҳое, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Оператори миллии телекоммуникатсионии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернетро пардохт намекунад.

Муовини раиси Шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком» Боймурод Мирзоёров дар робита ба ин масъала зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ширкат андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% барои хизматгузориҳои интернетро пардохт накардааст ва минбаъд низ пардохт намекунад.

«Маъмулан ба маҳсулот ва хизматгузориҳое, ки ба саломатии инсон зарар мерасонанд, андози аксизӣ таъин мегардад, – гуфт Б.Мирзоёров. – «Тоҷиктелеком» ба истифодабарандагон на интернети мобилӣ, балки интернети ноқилӣ (тавассути сим) пешниҳод мекунад, ки ба саломатии инсон заровар нест».

Ӯ зикр кард, ки дар робита ба масъалаи андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернет миёни ширкатҳо ва мақомоти андоз муддати зиёде баҳсҳо сурат гирифтанд.

«Танҳо гуфта метавонам, ки мо аксизро бар асоси қонунӣ пардохт намекунем, – мегӯяд ӯ. – Дар Кодекси андоз гуфта мешавад, ба алоқаи мобилӣ андози аксизӣ баста мешавад. Мо интернети ноқилӣ пешниҳод мекунем, ки ба ҳеҷ гунае ба алоқаи мобилӣ мансуб нест».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2011 ба хизматгузориҳои интернет-провайдерон дар Тоҷикистон андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% ҷорӣ гардид, ки он ҳам хеле баътар аз аввали сол маълум шуд.

Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Парвина Ибодова андешаҳо дар бораи «хуб» будани интернети ноқиливу ба алоқаи мобилӣ мансуб набудани он ва зараровар будани интернети бидуни ноқилро нодуруст мешуморад.

Ибодова дар робита ба ин зикр кард, ки ҳамаи навъҳои хизматгузориҳои интернет якхела буда, ба ҳеҷ гунае ба алоқаи мобилӣ мансуб нестанд. «Дар қонунгузории мо ин ду навъи хизматгузорӣ мушаххасан ҷудо карда шудаанд. Барои машғул шудан ба пешниҳоди хизматгузориҳои интернет, шумо бояд иҷозатномаи ҷудогона бигиред. Ин худ гувоҳи он аст, ки онҳо ду навъи хизматгузориҳои гуногун мебошанд», – афзуд Ибодова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.