Боздошти писарони генералу дипломат бо маводи мухаддир

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз як кӯшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плсю» як манбаъ аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ду нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд. Тибқи баъзе маълумот, онҳо писарони шахсони маъруфи ҷумҳурӣ мебошанд. Яке аз боздоштшудагон писари генерали мустаъфиест, ки ахири солҳои 90-ум ба ҳайси раиси Кумита оид […]

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз як кӯшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плсю» як манбаъ аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ду нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд. Тибқи баъзе маълумот, онҳо писарони шахсони маъруфи ҷумҳурӣ мебошанд. Яке аз боздоштшудагон писари генерали мустаъфиест, ки ахири солҳои 90-ум ба ҳайси раиси Кумита оид ба таъминот бо амволи махсуси назди ҳукумати ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард ва дигарӣ фарзанди корманди дипломатӣ мебошад.

Амалиёти махсуси боздошти афроди зикршуда ду ҳафта қабл дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон доир гардид, вале аз ин ҳодиса танҳо имрӯз огаҳӣ пайо шуд. Мақомот онро пинҳон медоранд.

Ба ҳар ҳол, аз сарчашмаҳои огаҳ дар мақомот ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзи 10-уми январи соли равон кормандони БДА-и ноҳияи Қубодиён автомашинаи шишаҳояш сиёҳшудаи тамғаи Nissan Patrol бо рақами давлати «тилоӣ»-и 7777-ро боздошт карданӣ шудаанд.

Аммо ронанда ба талаботи онҳо итоат накарда, босуръат аз наздашон гузашта меравад. Пас аз ин дар ҷараёни амалиёти «Боздошт» (Перехват) автомашинаи мазкур боздошт карда мешавад. Аммо қабл аз боздошт ба ронанда ва ҳамсафари ӯ муяссар шудааст, ки халтаи дорои маводи мухаддирро ба ҳавлии яке аз сокинони маҳаллӣ партоянд. Соҳиби ҳавлӣ дар ин хусус ба мақомот хабар додааст.

Маводи мухаддири навъи ҳашиш, ки вазни умумиаш 106 килоро ташкил дод, мусодира карда шуда, гумонбаршудагон боздошт гардидаанд. Ба тафтиши ҳодисаи мазкур кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғуланд

 Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Ф.Саидов, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.

Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.