RWB: Фишори ҳукумати Тоҷикистон ба матбуоти мустақил

Созмони ғайриҳукуматии байнулмилалии Reporters Without Borders (Хабарнигорони бидуни марз) гузориши «Индекс (шохис)-и озодии матбуот 2011-2012»-ро интишор намуд, ки дар он миёни 179 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон мақоми 122-юм сазовор дониста шудааст. Тоҷикистон соҳиби 40 балл шуда, миёни давлатҳои Алҷазоир ва Малайзия ҷойгир шудааст. Дар рейтинги қаблии созмони мазкур Тоҷикистон миёни 178 кишвар бо 34,50 балл […]

Пайрав Чоршанбиев


Созмони ғайриҳукуматии байнулмилалии Reporters Without Borders (Хабарнигорони бидуни марз) гузориши «Индекс (шохис)-и озодии матбуот 2011-2012»-ро интишор намуд, ки дар он миёни 179 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон мақоми 122-юм сазовор дониста шудааст.

Тоҷикистон соҳиби 40 балл шуда, миёни давлатҳои Алҷазоир ва Малайзия ҷойгир шудааст. Дар рейтинги қаблии созмони мазкур Тоҷикистон миёни 178 кишвар бо 34,50 балл мақоми 115-умро касб карда буд.

Дар гузориши кунунӣ гуфта мешавад, ҳукуматдорони Тоҷикистон то ҳанӯз аз ваҳму ҳароси ҷанги шаҳрвандӣ ва тундгароии исломӣ истифода мекунанд, то ки ба матбуоти мустақили кишвар фишор оваранд. Коршиносони Reporters Without Borders дар маҷмӯъ вазъи Тоҷикистонро барои озодии матбуот дар соли 2011 манфӣ арёбӣ кардаанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми 108-уми баландтаринро Қирғизистон ишғол кардааст. Қазоқистон ба мақоми 154, Ӯзбекистон ба зинаи 157 ва Туркманистон ба ҷойи 177-ум сазовор дониста шудаанд.

Миёни кишварҳои узви ИДМ зинаи баландтаринро Молдова (мақоми 53-юм) ва Арманистон (мақоми 77-ум) ишғол кардаанд. Украина шоистаи мақоми 116, Русия – 142, Озарбойҷон – 162 ва Белорус зинаи 168-умро касб кардаанд.

Финландия ва Норвегия кишварҳои мусоидтарини ҷаҳон барои озодии матбуот дониста шудаанд. Ба панҷгонаи пешсафон ҳамчунин Эстония, Нидерланд ва Австрия низ шомил шудаанд. Нишондиҳандаҳои пасттарин дар рейтинг ба кишварҳои Кореяи Шимолӣ (мақоми 178-ум) ва Эритрея (мақоми 179-ум) мансуб дониста шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.