Баррасии масъалаи ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ миёни мақомоти давлатӣ

Date:


Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумотҳо байни мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ва дигар соҳаҳо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат қайд гардид, ки барои ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва дуруст ба роҳ  мондани табодули электронии маълумот байни мақомотҳои зикршуда нахуст лозим аст, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба он мутобиқ карда шавад.

Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур ҳамзамон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Дастурамал Дар бораи тартиби сабти рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои гурӯҳбандии даромадҳои андозиро дар супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми гузаронидани маблағи андоз ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бобат пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои судманд арзёбӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки Дастурамали мазкур дар асоси моддаҳои 45, 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали Бонки Миллии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст.

Ба ғайр аз мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат миёни Вазорати корҳои дохилӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Шабакаи ягонаи иттилоотиро роҳандозӣ хоҳанд намуд, ки ин омил барои дастрасии маълумотҳои дақиқу зарурӣ барои назорати минбаъдаи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андозии андозсупорандагон мусоидати амиқ менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...