Хуҷанд: Консулгарии генералии Русия ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад

Date:


Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маълумоти махфӣ, аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки зимни таҳияи ҳуҷҷатҳо аз қаллобону фиребгарон эҳтиёт бошанд.

Ин эълон дар тахтаи эълонҳои назди намояндагии дипломатии Русия дар шаҳри Хуҷанд овехта шудааст.

Дар эълон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар робита ба афзудани арзу шикоятҳо оид ба ҷой доштани далелҳои истифодаи маълумоти шахсии шаҳрвандон (суроғаи зист, телефонҳо, маълумот дар бораи хешовандон ва ғайра) аз ҷониби шахсони сеюм, таваҷҷуҳи шуморо ба зарурати шахсан пур кардани пурсишнома-аризаҳо барои гирифтни шаҳрвандӣ ё шиносномаҳои хориҷӣ равона месозем».

Дар эълон ба шаҳрвандон маслиҳат дода мешавад, ки ба марказҳои компютерии гуногуне, ки кӯмак ё машварат дар масоили барасмиятдарорӣ ё омодасозии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод ба консулгариро пешкаш мекунанд, муроҷиат накунанд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон ба истилоҳ як «Агентӣ»-и воқеъ дар назди консулгарӣ, ки ба шаҳрвандон дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва ҳамчунин санҷиши донистани забони русӣ бо додани сертификат кӯмак пешниҳод мекунад, муваққатан кор намекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...