Маблағгузории «Россельхозбанк» ба рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз «Россельхозбанк»-и Русия боздид карда, бо мақомоти раҳбарии он мулоқот орост. Тавре хадамоти матбуоти «Россельхозбанк» хабар медиҳад, дар мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳо дар бахши дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ, рушди амалиётҳои байнибонкӣ миёни ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла хизматгузории бонкӣ ба гардиши […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз «Россельхозбанк»-и Русия боздид карда, бо мақомоти раҳбарии он мулоқот орост.

Тавре хадамоти матбуоти «Россельхозбанк» хабар медиҳад, дар мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳо дар бахши дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ, рушди амалиётҳои байнибонкӣ миёни ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла хизматгузории бонкӣ ба гардиши савдои хориҷӣ баррасӣ шудаанд.

«Бо мақсади роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни «Росселхозбанк» ва ҳукумати Тоҷикистон раиси раёсати бонки мазкур Дмитрий Патрушев ва Муродалӣ Алимардон созишномаеро ба имзо расониданд, ки дар он шартҳои умумии аз ҷониби бонк маблағгузорӣ шудани амалиётҳои содиротиву воридотии мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» бо шумули харидани техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаи дахлдори истеҳсоли Русия муайян карда шуданд», – гуфта мешавад дар сомонаи расмии бонк.

Қобили зикр аст, ки ҶСК «Российский сельскохозяйственный банк» (Россельхозбанк) яке аз бонкҳои бузурги Русия маҳсуб меёбад. Давлат молики 100%-и саҳмияҳои бонк аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.