Барои сохтмони бозор дар маҳаллаи Зарафшон 1,5 га замин ҷудо шуд

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои сохтмони бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 1,5 га қитъаи замин ҷудо гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони бозор ба ӯҳдаи ҶДММ «Строй-Комплекс» вогузор шудааст. «ҶДММ «Строй-Комплекс» ба корҳои сохтмонӣ пас аз дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи […]

Аваз Юлдошев


Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои сохтмони бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 1,5 га қитъаи замин ҷудо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони бозор ба ӯҳдаи ҶДММ «Строй-Комплекс» вогузор шудааст. «ҶДММ «Строй-Комплекс» ба корҳои сохтмонӣ пас аз дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шурӯъ менамояд», – гуфт вай.

Ҳамчунин дар яке аз бандҳои қарор гуфта мешавад, ки дар сурати аз ҷониби ҶДММ «Строй-Комплекс» дар давоми 3 сол шурӯъ накардан ба сохтмон, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...