Пленуми Шӯрои сиёсии ҲУСДТ дар Душанбе

Ахир ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров Пленуми Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор шуд. Тавре дар иттилоияи расмии ҳизб зикр мегардад, дар пленум 10 масъалаи дорои ҷанбаҳои умумии сиёсӣ, тадорукотӣ ва кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар пленум ҳамчунин ҳисоботи мухтасари Шӯрои сиёсии ҲУСДТ дар бораи иҷрои […]

ASIA-Plus


Ахир ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров Пленуми Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор шуд.

Тавре дар иттилоияи расмии ҳизб зикр мегардад, дар пленум 10 масъалаи дорои ҷанбаҳои умумии сиёсӣ, тадорукотӣ ва кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар пленум ҳамчунин ҳисоботи мухтасари Шӯрои сиёсии ҲУСДТ дар бораи иҷрои қарору супоришҳои қаблӣ шунида шуда, чор санади меъёрӣ – Муқаррарот дар бораи Шӯрои сиёсии ҲУСДТ, дар бораи Президиуми ҳизб, Котиби генералӣ, котиботи ҲУСДТ, Ҳамраисон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб тасдиқ гардиданд.

Дар пленум ҳайати котиботи Шӯрои сиёсӣ муайян карда шуд. Шодавлат Шонусайриев котиби Шӯрои сиёсӣ (ШС) оид ба сиёсати умумисиёсӣ, тадорукотӣ ва кадрӣ, Дилбар Расулова котиби ШС оид ба сиёсати ҷавонон ва гендерӣ, Мавзуна Каримова котиби ШС оид ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва минтақавӣ интихоб гардиданд.

Ғайр аз ин, Шӯҳрат Қудратов роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲУСДТ ва Парвина Ҷӯраева котиби Пленуми ШС ҲУСДТ интихоб карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми декабри соли 2011 Анҷумани 12-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он ҲСДТ ба Ҳизби умумиллии состиал-демократии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар тахрири нав қабул гардид. Раҳматулло Зойиров бори навбатӣ ба симмати раиси ҳизб интихоб гардид. Диловаршо Ҷӯраев Котиби генералӣ, Дилбар Самадова, Амният Абдулназаров ва Шӯҳрат Қудратов Ҳамраисони ҳизб интихоб карда шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...