Хуҷанд: Консулгарии генералии Русия ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад

Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маълумоти махфӣ, аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки зимни таҳияи ҳуҷҷатҳо аз қаллобону фиребгарон эҳтиёт бошанд. Ин эълон дар тахтаи эълонҳои назди намояндагии дипломатии Русия дар шаҳри Хуҷанд овехта шудааст. Дар эълон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар робита ба афзудани арзу […]

Бахтиёр Валиев


Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маълумоти махфӣ, аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки зимни таҳияи ҳуҷҷатҳо аз қаллобону фиребгарон эҳтиёт бошанд.

Ин эълон дар тахтаи эълонҳои назди намояндагии дипломатии Русия дар шаҳри Хуҷанд овехта шудааст.

Дар эълон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар робита ба афзудани арзу шикоятҳо оид ба ҷой доштани далелҳои истифодаи маълумоти шахсии шаҳрвандон (суроғаи зист, телефонҳо, маълумот дар бораи хешовандон ва ғайра) аз ҷониби шахсони сеюм, таваҷҷуҳи шуморо ба зарурати шахсан пур кардани пурсишнома-аризаҳо барои гирифтни шаҳрвандӣ ё шиносномаҳои хориҷӣ равона месозем».

Дар эълон ба шаҳрвандон маслиҳат дода мешавад, ки ба марказҳои компютерии гуногуне, ки кӯмак ё машварат дар масоили барасмиятдарорӣ ё омодасозии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод ба консулгариро пешкаш мекунанд, муроҷиат накунанд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон ба истилоҳ як «Агентӣ»-и воқеъ дар назди консулгарӣ, ки ба шаҳрвандон дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва ҳамчунин санҷиши донистани забони русӣ бо додани сертификат кӯмак пешниҳод мекунад, муваққатан кор намекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.