Ҳ.Умаров: Тоҷикистон бояд сиёсати нави саноатиро таҳия созад

Date:


Сабаби асосии муҳоҷирати оммавӣ аз Тоҷикистон деиндустриализатсияи иқтисоди Тоҷикистон буда, дар сурати мавҷуд будани сохтори комилан дигари саноат ва роҳандозии сиёсати нави саноатӣ миқёси муҳоҷирони кории тоҷик бамаротиб камтар хоҳад буд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз ҳукуматдорон танҳо ба фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди аввалия машғул буда, ба истеҳсоли маснӯъоти тайёри саноатӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

Умаров зикр кард, ки сарвари давлат борҳо зарурати афзудани ҳиссаи коркарди нахи пахта барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар дохили кишварро таъкид кард, аммо он бо воситаҳои дахлдори иқтисодӣ таъмин намегардад.

Ба андешаи ӯ, ҷорӣ сохтани боҷи баланди гумрукӣ ба интиқоли нахи пахта ба хориҷи кишвар, содироти он ба дигар кишварҳоро пурмасраф сохта, соҳибкоронро манфиатдор месозад, ки онро дар дохили кишвар коркард намоянд. «Мутаносибан, бо суръати баланд саноати бофандагиву дӯзандагӣ ба барқароршаӣ оғоз мекунанд. Аз чунин иқдом метавон ҳамчунин дар саноати коркарди ашёи хоми маъдани кӯҳӣ, металлҳои аввалия, пиллаи абрешим ва ғайра низ кор гирифт», – иброз дошт вай.

Профессор бар ин назар аст, ки сиёсати саноатӣ бояд тарзе роҳандозӣ гардад, ки дар он тафовут миёни истеҳсоли маводи ашёи хом ва маҳсулоти тайёрӣ ниҳоӣ ба инобат гирифта шавад. «Чунин сиёсат ба ташкили миқдори зиёди ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати нисбатан шоиста шароит фароҳам меорад», – афзуд Умаров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...